Зимистони имсола бори дигар собит намуд, ки дар масъалаи гармкунии манзил ва муассисаҳои тандурустию таълимӣ танҳо ба неруи барқ такя кардан дуруст нест. Аз ин рӯ, дар нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо дар қатори кашидани хати барқ ва оби нӯшокию канализатсия бунёди шабакаҳои гармидиҳӣ низ пешбинӣ шудааст. Вобаста ба ҳаҷми бино дар лоиҳаҳо барои соҳибкорон бунёди шабакаҳои хурди автономии каммасраф ба назар гирифта шудааст, ки ба истифодадиҳии онҳо талаботро ба неруи барқ кам мекунад. Дар ин хусус раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода панҷуми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, мавриди амал қарор гирифтаанд. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.
- Тибқи нақшаҳои генералии тасдиқшуда, биноҳои навбунёд дар шаҳру навоҳии мамлакат набояд камтар аз се ошёна бошанд. Зеро аҳолии кишвар сол то сол зиёд шуда истодааст ва барои ба шаҳр табдил ёфтани шаҳракҳо меъёрҳои муайян мавҷуданд. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ теъдоди сохтмони беморхона, муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонӣ, роҳ ва ғайра ба нақша гирифта мешавад, — гуфт Маҳмадсаид Зувайдзода.
Соли 2020 барои гирифтани иҷозатнома 460 ҳуҷҷат ба кумита ворид шуда, баъди баррасӣ ба 298 муроҷиаткунанда барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ иҷозатнома дода шуд. Алҳол 42 ҳуҷҷат дар марҳилаи баррасӣ мебошад.
Дар давоми соли сипаришуда ба масоҳати умумии 1 миллиону 383 900 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, дар маҷмӯъ, барои 13534 ҷой, беморхона барои 577 кат, дармонгоҳ барои 436 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 1000 ҷой ба истифода дода шуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»