- Дар нимсолаи якуми соли 2016 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба зиёда аз 60 лоиҳаи қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ додааст, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 300 таклифу пешниҳодро дар бар мегирад, — гуфт директори маркази мазкур Маҳмад Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи сеюми августи соли ҷорӣ баргузор гардид.
- Дар ин давра аз ҷониби кормандони Марказ 7 китоб ва 60 мақолаи илмию таҳлилӣ ба чоп расид, ки «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо», «Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи ҳуқуқии ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (дар ҳаммуаллифӣ), Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳаммуаллифӣ) ва ғайра аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин, ду шумораи маҷаллаи «Қонунгузорӣ» ба нашр расид, — афзуд Раҳимзода.
Дар нимсолаи якум тибқи нақша як конференсияи ҷумҳуриявӣ, як мизи мудаввар ва ду семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Кормандон дар 59 конференсия ва мизҳои мудаввари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат доир ба масъалаи истифодаи истилоҳоти ягонаи соҳаи ҳуқуқ баҳси доманадор сурат гирифт. Зимни посух директори Марказ тасдиқ намуд, ки воқеан ҳам баъзан дар қонунҳо ба як маънӣ истилоҳоти мухталиф ба кор бурда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки истилоҳоти ифодакунандаи мафҳумҳои ҳуқуқӣ пас аз таҳқиқу баррасии ҳамаҷониба ва қобили қабул эътироф карда шудан аз ҷониби олимону донишмандон ва мутахассисони соҳаҳои марбута мавриди истифода қарор дода шаванд.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»