Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар шаҳру ноҳияҳо забҳхона ташкил мешавад

№89 (3883) 21.07.2018

Бехатари Озукавори,5 (4)Бинобар набудани забҳхонаҳо имрӯз аксари чорво дар ҳавлиҳо забҳ мешаванд. Ҳол он ки мувофиқи қонунгузорӣ чорво бояд дар ҷойҳои махсус забҳ шавад. Вобаста ба ин масъала раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 17 июли соли равон баргузор гардид, гуфт, ки айни замон барқароркунии собиқ комбинатҳои гӯшти маркази шаҳру ноҳияҳо ҷараён дорад. Дар назар аст, ки оянда дар ҷамоатҳои деҳот низ забҳхонаҳо ташкил карда шавад. Номбурда иттилоъ дод, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 25 забҳхона мавҷуд аст.

- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии чорво 9014128 сар ҳайвон ва паранда эмгузаронӣ шуд, — зикр кард Фарҳод Камолзода. Дар ин давра аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ 474855 ташхис гузаронида шуд ва аз ин ҳисоб, тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ, маҳсулоти ба талаботи сифат ҷавобгӯнабуда, аз ҷумла 6961,5 кг маҳсулоти гӯштӣ, 1963,3 кг маҳсулоти ширӣ, 57137 дона тухми паранда, 26421,7 кг меваю сабзавот, 65 кг моҳӣ, 815 кг маҳсулоти намакин, 315,1 литр равғани растанӣ ва 26 кг асал ошкор ва нобуд карда шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»