Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Ӯзбекистон намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон баргузор мегардад

№89 (3883) 21.07.2018

DSC_9171++++Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар 6 моҳи соли равон бо ташаб­буси ниҳоди мазкур 24 суҳбати гирди миз, 16 форуми соҳибкорон, 24 конфронсу семинар ва 27 намоишгоҳ баргузор шуд.

Дар ин муддат 328 соҳибкор барои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва ярмаркаҳо ба хориҷи мамлакат рафтанд.

- Мақсад аз бизнес-форумҳое, ки мегузаронем, мусоидат ба соҳибкорон баҳри роҳ ёфтан ба бозорҳои нав, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷойҳои нави корӣ мебошад, — гуфт Шариф Саид. — Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз моҳи феврал то ин дам дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Моҳи феврали соли равон дар шаҳри Дубай Намоишгоҳи байналмилалии молҳои хӯрокворӣ, нӯшокӣ, таҷҳизоти мамлакатҳои халиҷи Форс баргузор шуд, ки дар он чор ширкат — ҶДММ «Абрикоси «К», ҶДММ «ОРО Исфара», ҶДММ «Исфара Фуд» ва ҶДММ «Ҳариф» маҳсулот пешниҳод намуданд.

22 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Намоишгоҳи молҳои саноатии вилояти Суғд баргузор гардид ва дар ҷараёни он миёни Палатаи савдои вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Палатаи савдои вилояти Хатлон созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки аз 20 октябри соли 2020 то 10 апрели соли 2021 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, фаъолона ширкат хоҳад кард.

Имрӯзҳо баҳри баргузории намоишгоҳи маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон омодагӣ идома дорад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»