Аз нишастҳои матбуотӣ

ДАТ. Се хатмкардаи гурӯҳи буҷавӣ маблағи таҳсилро баргардониданд

№№14 (3964) 05.02.2019

САЛИМЗОДАДар нишасти матбуотии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки 30 январи соли 2019 баргузор шуд, ректори он А. Салимзода изҳори қаноатмандӣ кард, ки ба шарофати тадбирҳои андешида солҳои 2016- 2018-ум 596 хатмкунанда бо ҷойи кор таъмин гардид.

- Вале, боиси таассуф аст, ки теъдоде аз хатмкунандагон бо сабабҳои гуногун ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ё ҷойи зисти худро тағйир медиҳанд, ба ҷойи кори роҳхатгирифта ҳозир намешаванд. Барои бартараф намудани ин ҳолатҳо ба воситаи мактуби расмӣ ба суди шаҳру ноҳияҳои макони зисти хатмкардагони гурӯҳҳои буҷавӣ оид ба баргардонидани маблағи ҳангоми таҳсил харҷшуда муроҷиат намудем. Дар соли 2018 нисбат ба 11 нафар собиқ хатмкунандаи донишгоҳ чунин иқдом амалӣ шуд ва се нафар маблағи барои таҳсил сарфшударо ба хазинаи донишгоҳ баргардониданд, — қайд намуд А. Салимзода.

Қисми таълим, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ вазифадор гардиданд, ки бо ташкилоту корхонаҳо ва хоҷагиҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва мустаҳкам намудани робита ҷиҳати минбаъд ба кор ҷалб кардани хатмкунандагон бастани шартномаро ба роҳ монданд. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, комиссияи тақсимоти хатм­кунандагон ба ҷои кор ташкил шуд ва ба ҷойи кор таъмин кардани дастпарварон дар маркази диққат қарор дорад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»