ДДМИТ. 102 нафар дипломи «Аъло» гирифтанд

№21 (4441) 15.02.2022

Ректор- Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, ҷиҳати боло бурдани сифати таълим ва тақвияти сатҳи касбияти устодон чораҳои мушаххас андешида шуд, — иброз дошт 8 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Шукрулло Хайрзода. Ректор дар идома гуфт, ки донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мавқеашро дар зинаи чорум нигоҳ дошт.

Муаллимаи кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ Гулпарӣ Ҳусейнова дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойи якум, магистранти курси дуюми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Муҳаммадфирӯз Ҳасанов дар озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро 102 донишҷӯ бо баҳои «аъло» хатм намуда, соҳиби дипломи «аъло» шуданд, ки назар ба соли пеш 18 нафар (20 фоиз) зиёд мебошад.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа ёфта, донишгоҳ бо даҳ муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Дар донишгоҳ шаш факултет аз рӯи самтҳои гуногун (аз рӯи 46 ихтисос) мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро омода мекунад.

Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ 9743 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 1584 кас тариқи буҷетӣ ва 8155 нафар шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли гузашта татбиқи шаш лоиҳаи грантӣ идома ёфта, дар доираи татбиқи амалии яке аз онҳо се синфхонаи бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ва студияи сабти видеоии дарсҳо ташкил гардид, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳо муфид аст ва ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд.

Барои таъмини шароити маишии кормандон ва донишҷӯён донишгоҳ дорои ду хобгоҳи замонавӣ буда, иншооти таълимию варзишӣ ва ёрирасон ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»