Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДТТ бо 106 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ монд

№89 (3883) 21.07.2018

Мединститут (1)Тавре аз нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикис­тон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки 17 июли соли равон таҳти раёсати ректори он, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ баргузор гардид, бармеояд, шароиту имконияти имрӯзаи донишгоҳ дар муқоиса ба солҳои пеш аз истиқлолият ба куллӣ фарқ мекунад, доираи фаъолияти донишгоҳ бамаротиб фарох гардидааст.

Он аз 5 факултет, 38 кафедраи клиникӣ, 9 маркази таълимӣ, 37 лаборатория ва китобхона иборат мебошад. Дар даргоҳи мазкур ба зиёда аз 9,5 ҳазор донишҷӯ 644 профессору омӯзгор дарс медиҳанд. Аз 1818 донишҷӯйи соли таҳсилоти 2017 — 2018 беш аз 380 нафарро хориҷиён ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, шумораи донишҷӯёни хориҷӣ аз 13 кишвари дунё ба 1077 нафар расида, донишгоҳ бо 106 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Айни ҳол дастпарварони он дар зиёда аз 40 мамлакати хориҷӣ муваффақона фаъолият доранд.

Дар ҳама давру замон пайвастагии назария бо амалия асоси пешравӣ эътироф гардидааст. Ин усул барои пизишкони оянда, ки бо ҳаёти инсон сарукор мегиранд, басо муҳим маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад дар донишгоҳ озмоишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ фаъолият менамояд, ки бо воситаҳои техникии зарурӣ муҷаҳҳаз аст.

 Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»