- Шумораи муҳассилини Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017 ба 936 нафар расид, ки 194 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 446 нафар дар факултети идоракунии давлатӣ, 256 нафар дар факултети муносибатҳои байналмилалӣ, 8 нафар дар магистратура аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» таҳсил менамоянд. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Бунёди «Ҳаннс Зайдел»-и Ҷумҳурии Федеративии Германия 53 нафар хизматчии давлатӣ ба магистратура аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» қабул гардиданд, — изҳор намуд сарвари донишкада Лутфия Абдухолиқзода зимни нишасти матбуотӣ (26 июл).
Дар факултети азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бошад, дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 22 курс — 3 курси азнавтайёркунӣ, 5 курси такмили ихтисос ва 14 курси сайёр доир гардид, ки ба онҳо 967 нафар хизматчии давлатӣ, аз ҷумла 206 нафар бону, ҷалб гардиданд.
Соли 2017 хатми аввалини донишҷӯён дар самти бакалавриат аз рӯи ихтисосҳои «Идоракунии давлатии иқтисодиёт», «Идоракунии ҳайати корӣ» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ» (ҷамъ 70 нафар) сурат гирифт. Аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» низ аввалин магистрантон (23 нафар) соҳиби диплом гардиданд. Бархе аз онҳо аллакай соҳиби ҷойи кор шудаанд, вале дар ноҳияҳои дурдаст талабот ба чунин мутахассисон ҳанӯз зиёд боқӣ мемонад.
Н. Ҷумъаев,
«Садои мардум»