10 январ зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз хусуси фаъолияти донишгоҳ дар соли сипаригашта маълумот дода гуфт, ки соли 2016 бобаракат буд ва натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард.
Дар ин сол, донишгоҳ ба фазои ягонаи таҳсилот, яъне низоми таҳсилоти кредитӣ, ворид гардид. Ҳамчунин, натиҷагирии фаъолияти донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорон пурра аз тариқи журналҳои электронӣ гузаронида шуд ва аввалин маротиба дар факултетҳо марказҳои тестӣ таъсис ёфтанд, ки ҳамаи онҳо ба шабакаи ягонаи компютерӣ пайваст гардидаанд.
Дар заминаи шартномаи байни Донишгоҳи давлатии Беларус ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бастани қарордод бо Донишкадаи байналмилалии экологии ба номи Д. Сахаров ҷиҳати таъсиси ихтисосҳои наву зарурӣ барои ҷумҳурӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба шумор меравад. Ба ҷуз ин, бо мақсади тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаи эҳёшавандаи саноати химияи ҷумҳурӣ бо Донишгоҳи давлатии технологии Беларус низ аз рӯи се ихтисоси равияи химикӣ-технологӣ шартнома ба имзо расидааст.
Саволҳои донишҷӯён баъди хатм бо ҷойи кор таъмин мешаванд ё не, оё донишгоҳ ба тақдири онҳо таваҷҷуҳ дорад? — посух дода шуд, ки хатмкунандагони равияҳои омӯзгорӣ пурра ба шуъбаҳои маорифи маҳали истиқоматашон сафарбар гардидаанд. Таъкид шуд, ки донишҷӯёни аълохон аксар вақт ҳанӯз дипломашонро нагирифта, аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо ба кор даъват мешаванд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Маълум гардид, ки соли сипаришуда дар донишгоҳ 78 нафар рисолаи номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд.
Матлаби ҷолиби аз ҷониби ректор баёнгардида он буд, ки дар донишгоҳ назорати виртуалӣ ё иштироки виртуалӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ин роҳ волидони донишҷӯён метавонанд тавассути интернет аз тариқи «Онлайн» дарсхонии фарзандони худро назора кунанд.
Уруни Назар, «Садои мардум»