Аз нишастҳои матбуотӣ

Дохилшавии духтарон рӯ ба афзоиш аст

№25 (4608) 15.02.2023

Кум Занон (3)Ба таҳсил фаро гирифтани духтарон яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб меравад. Соли таҳсили 2021 — 2022 аз шумораи умумии 74 ҳазору 92 нафар духтарони синфи 9, бо дарназардошти ба муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дохил шудан, 60 ҳазору 378 нафар ё 81,5 дарсад ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки дохилшавии хатмкунандагони синфи 11 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Агар соли 2018 ин нишондод 35, 8 дарсадро ташкил дода бошад, соли 2022 ин нишондиҳанда ба 46 дарсад расидааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иттилоъ дод ва афзуд, ки бо мақсади расонидани кумаки равонӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ дар доираи амалишавии ташаббуси «Нури рӯшноӣ» кумита якҷо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид фаъолияти Маркази захиравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва баробарии гендерӣ телефони 1313 — ро ба роҳ монд. Дар ин давра ба Маркази захиравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва баробарии гендерии назди кумита 1621 нафар муроҷиат карданд, ки аз он 1422 нафар зан ва 199 нафарро мардон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, дар нишаст зикр шуд, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок яке аз василаҳои баланд бардош­тани иқтидори иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад. Соли 2022 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии низоми бонкӣ 3 млн. 729 ҳазору 32, 4 сомонӣ (35,4 фоиз аз ҳаҷми умумӣ) ба 760 ҳазору 939 нафар занону бонувон қарзҳо дода шудаанд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

 «Садои мардум»