Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишҷӯён дар таҳсил, варзиш ва чорабиниҳо фаъоланд

№92 (4198) 31.07.2020

safarov-shodi24 июли соли ҷорӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ректори донишкада доктори илмҳои педагогӣ, Шодӣ Сафаров қайд кард, ки аз ҳисоби умумии омӯзгорон 4 нафар доктори илм, 19 — номзади илм, 77 — омӯзгори калон, 62 нафар устоди варзиш мебошанд.

Натиҷаи ҷамъбасти сессияи санҷишу имтиҳонҳои донишҷӯён нишон дод, ки нисбат ба давраи пеш натиҷа беҳбуд ёфта, 89, 24 фоизро дар бар мегирад.

Дар донишкада комиссияи ҷамъиятӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд фаъолият мекунад. Дар хобгоҳи донишкада 500 донишҷӯ истиқомат дошта, аз ҳисоби омӯзгорон нав­батдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст. Моҳе як маротиба бо донишҷӯёни хобгоҳ ҷаласа гузаронида мешавад. Дар хобгоҳ ятимони кулл, камбизоатон ва духтарон ройгон истиқомат мекунанд.

Зикр гардид, ки дар донишкада 15 ятими кулл таҳсил мекунанд ва онҳо аз тарафи раёсати донишкада бо хӯроки ройгон таъмир мегарданд.

Инчунин, дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 18 нафар донишҷӯ аз Қазоқистон, 300 — Ӯзбекистон, 180 — Туркманистон ва 3 нафар аз Афғонистон таҳсил доранд.

- Дар маҷмӯъ, донишҷӯёни донишкада дар таҳсил, варзиш ва чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ хеле фаъоланд, — гуфт дар хотима Шодӣ Сафаров.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»