Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз муассисаҳои олии касбие мебошад, ки шумораи зиёди донишҷӯёни хориҷиро ба таҳсил фаро гирифтааст. Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 8936 нафарро ташкил медиҳад, ки 783 нафарашон хориҷиён мебошанд. Ин нуктаро ректори донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ 11 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино ба гуфти номбурда, дар донишгоҳ баробари забони давлатӣ, инчунин таълим бо забонҳои русиву англисӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ айни ҳол 755 799 нусхаро ташкил медиҳад, ки 71 фоизаш адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 31 фоиз электронӣ мебошад. Нимсолаи дувуми соли 2016 ба китобхонаи донишгоҳ 181 номгӯй бо теъдоди умумии 9194 нусха адабиёти чопӣ ба маблағи 321650 сомонӣ ворид гардид.
- Бо мақсади афзоиши имкониятҳои омодасозии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино қабули довталабон 400 нафар зиёд шуд. Айни замон донишгоҳ дар маҷмӯъ 103 ҳазор метри мураббаъро дар ихтиёр дорад, ки зиёда аз нисфи он масоҳати таълимӣ аст ва барои пурра фаро гирифтани донишҷӯён мувофиқ нест. Бо ин мақсад раёсати донишгоҳ аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, тасмим гирифтааст, ки то оғози соли нави таҳсил сохтмони маҷмааи нави таълимиро дар Қарияи Боло, ки дар маҷмӯъ 5596 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ба итмом расонад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»