Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дорои 14 факултет буда, шумораи донишҷӯён 20969 нафарро ташкил медиҳад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ 2 феврали соли ҷорӣ ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ зикр кард.
Дар донишгоҳ ду шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия доир ба илмҳои педагогика, филология ва география, се шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба филология, химия ва биология ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамоянд.
- Дастоварди назарраси донишгоҳ дар соли гузашта ишғоли ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мебошад. Ҳамчунин, соли 2020 ду омӯзгори донишгоҳ бо ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва 15 нафари дигар ба нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илм, қадрдонӣ шуданд,- иброз дошт Нӯъмонҷон Ғаффорӣ.
Бино ба иттилои масъулин, дар донишгоҳ маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ», маҷаллаҳои «Муҳаққиқ», «Навруста» ва рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» нашр мешавад.
Ректор изҳор дошт, ки теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар шуъбаи рӯзона 1380 нафар ва дар шуъбаи ғоибона ва таҳсилоти фосилавӣ 3442 касро ташкил менамояд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»