Аз нишастҳои матбуотӣ

Ду варзишгари тоҷик роҳхати олимпӣ ба даст оварданд

№93 (4199) 04.08.2020

Абдулло28 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло аз натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2020 барои воситаҳои ахбори омма гузориш дод.

Қайд шуд, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа кумита аз рӯи 10 самти афзалиятноки Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон фаъолият дорад.

Яке аз механизмҳои ҷалби ҷавонон вобаста ба қабули қарор ва иштироки фаъолонаи онҳо дар амалигардонии иқдомҳои созанда, баргузории аксия ва ҳамоишҳои дастаҷамъона ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби кумита, сохторҳои маҳаллии он ва ташкилотҳои вобаста ба таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ 3999 чорабинӣ бо иштироки 678615 ҷавон баргузор гардид.

Дар ҷумҳурӣ 10071 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 122 варзишгоҳ, 7212 майдончаи варзишӣ, 1803 толори варзишӣ, 93 ҳавзи шиноварӣ ва 37 маҷмаа ва 804 иншооти махсуси варзишӣ мебошад.

Дар давраи мавриди назар 58 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 13 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки 1 миллиону 148 ҳазор сомониашро маблағи буҷавӣ ва 12 миллиону 352 ҳазор сомониро саҳмгузории сарпарастон ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, варзишгарони тоҷик ба хазинаи кишвар 92 медал ворид намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 — ум 97 адад кам мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин давра ду варзишгар тавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оваранд.

Т. ФАРРУХПАЙ, «Садои мардум»