Нишастҳои матбуотӣ

Душанбе ба мавсими сармо омода мешавад

№91 (3728) 29.07.2017

Шахрдори (10)- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаш моҳи соли 2017 дар амри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ як қатор тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд, — иброз дошт муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 25 июл баргузор гардид.

Номбурда таъкид намуд, ки дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 4750800 ҳазор сомонӣ баробар гардид ва истеҳсоли молҳо 23,7 фоиз, пешниҳоди хизматрасонӣ -72,4, пардохти андоз 3,9 фоиз ташаккул ёфт.

- Пешбурди соҳаи саноат яке аз самтҳои муҳими фаъолият маҳсуб меёбад, — гуфт муовини якуми раиси шаҳр ва идома дод: — Дар тӯли нимсола 463 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун ба маблағи 750300 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз зиёд аст.

Зикр шуд, ки истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар нимсолаи аввал дар марказҳои истеҳсоли барқу гармидиҳии пойтахт истеҳсоли энергияи барқ 431600 ҳазор кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 288200 ҳазор кВт/соат зиёд мебошад. Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ» ва «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» назаррас буд ва онҳо мутаносибан дар ҳаҷми 142100 ва 103300 ҳазор сомонӣ корро ба иҷро расониданд.

- Биноҳои истиқоматии шаҳр, махсусан микроноҳияҳо, то фарорасии фасли тирамоҳ ба қабули оби гарм ва гармидиҳӣ  омода карда мешаванд. Кор дар ин самт муташаккилона идома дорад ва аз ин хусус раисони ноҳияҳои пойтахт қабл аз оғози мавсим гузориши хаттӣ пешниҳод хоҳанд кард, — гуфт Маҳмадсаид Зувайдзода.

Зимни саволу ҷавоб рӯзноманигорон ба масъалаҳои таъмири роҳу роҳравҳо, таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ, тозагии хиёбону кӯчаҳо, фаъолияти нокифояи хоҷагии идора ва таъмиру хизматрасонии лифтҳо, ба тартиб даровардани савдои кӯчагӣ ва ғайра мароқ зоҳир намуданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»