Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода роҷеъ ба фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 зимни нишасти матбуотӣ 1 августи соли равон маълумоти муфассал дода, минҷумла гуфт, ки санҷиш ва омӯзиши иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад.
- Кумита дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми июни соли 2016 иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар тарабхонаи «Чаманоро»-и Муассисаи давлати «Маҷмӯаи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор дод, — изҳор дошт номбурда ва илова кард:
- Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти муассисаҳои давлатии телевизиону радио аз ҷониби мутахассисон мунтазам назорат бурда мешавад. Дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ҳафт фарҳанг дар соҳаҳои забоншиносӣ, иттилооти компютерӣ, гиёҳшиносӣ, техникӣ, тиббӣ ва дорусозӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Вазъи забони модарӣ дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе» ҳамоиш доир шуд, ки ҳадафи асосӣ ҳалли мушкилоти масъалаҳои рушди забони давлатӣ дар ин муассисаҳо буд.
Баргузории Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» бо иштироки олимону донишмандони Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Британияи Кабир, намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон аз ҷумлаи чорабиниҳои хеле муҳим дар ин давра маҳсуб меёбад.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»