Аз нишастҳои матбуотӣ

Файзобод. Вазъи хизматрасонии беморхонаи марказӣ ногувор арзёбӣ гардид

№23 (4443) 19.02.2022

DSC0080711 феврали соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия Бобишо Холзода нишастро бо суолу ҷавоб оғоз карда, дар ибтидо гуфт, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳия 63 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти «Меҳробод», беморхонаи минтақавӣ ва бемориҳои сироятӣ дар деҳоти «Мискинобод», 16 маркази саломатӣ, 38 бунгоҳи тиббӣ ва 5 маркази соҳавӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Мутаассифона, хизматрасонии табибон ва дигар кормандони соҳа ба талабот ҷавобгӯ набуда, вазъи муҳит ва санитарии иншооти тиббӣ дар ҳолати ногувор қарор дорад, ки аз бемасъулиятии роҳбарияти беморхонаи марказӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳраку деҳот шаҳодат медиҳад.

Зимни посух ба саволи пешниҳодшуда дар бобати вазъи ҳузнангези муҳити маркази ноҳия, маркази деҳот, соҳили наҳрҳои обгузар, дарёи Элок ва шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат — Рашт — Лахш зикр шуд, ки вазъи мавзеъҳо, воқеан ҳам, нигаронкунанда буда, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони соҳа ҷиҳати сари вақт бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта супориш гирифтаанд.

Бобишо Холзода, новобаста ба камбудиҳои ҷойдошта, изҳори қаноатмандӣ кард, ки соли сипаригардида нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия афзоиш ёфта, қисми даромади буҷет бо дарназардошти маблағҳои ҷумҳуриявӣ 65 миллиону 211,1 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 103,7 фоиз иҷро шуда, нисбат ба соли 2020 — ум 9 миллиону 448,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷет 64 миллиону 476,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, назар ба ҳамин давраи соли пешин 9 миллиону 820,5 ҳазор сомонӣ бештар аст. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозу даромадҳо 21 миллиону 538,1 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38 миллиону 941,4 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 335 миллиону 761 ҳазор сомонӣ расида, аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва сармояи хориҷӣ ба маблағи 6 миллиону 355,6 ҳазор сомонӣ лоиҳаҳо дар самти таъмини таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ амалӣ шуда, барои беҳтар гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ 11 миллиону 33,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона гардиданд.

Соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод 152 ҷиноятро ба қайд гирифтанд, ки нисбат ба соли 2020 — ум 31 адад кам мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо дар ин давра 71,1 фоизро ташкил менамояд, ки нисбат ба соли гузашта 19,1 фоиз кам аст.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»