Аз нишастҳои матбуотӣ

Фарҳод Камолзода: «Воридоти гӯшти мурғ тадриҷан кам шуд»

№88 - 89 (4038 - 4039) 23.07.2019

Фарход КамолзодаНимаи аввали соли 2019 аз ҷониби Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ 477937 ташхис — 129373 ташхиси гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 51180 шир ва маҳсулоти ширӣ ва 32184 адад ташхиси тухм гузаронда шуд.

Фарҳод Камолзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки кормандони кумита 12,8 тонна қимаи гӯшти мурғро, ки аз тарафи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Душанбе ворид кардааст, ҳамчун маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зарарнок боздоштанд. Маҳсулоти боздошташуда дар партовгоҳи Хадамоти назорати санитарии шаҳри Хуҷанд нобуд карда шуд.

Зикр гардид, ки сол то сол воридшавии гӯшти мурғ аз хориҷи кишвар кам мешавад. Агар соли 2017 воридот 51 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, он соли 2018 ба 28 ҳазор тонна ва дар шаш моҳи соли 2019 ба 15 ҳазор тонна баробар шуд.

М. УСМОН, «Садои мардум»