Аз нишастҳои матбуотӣ

Фазои сармоягузорӣ беҳтар гардид

№11(3648) 02.02.2017

DSC_0188- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармоягузории хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли гузашта 695 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,5 миллион доллари ИМА афзуд.

Сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои истих­роҷи маъдан, фаъолияти молиявӣ ва ҳар гуна хизматҳои тиҷоратӣ, нақлиёт ва алоқа, кишоварзӣ, маориф ва ғайра равона шуд. Сармоягузории мустақим соли 2016 асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой -254,5 миллион доллари ИМА, Федератсияи Россия – 35, Британияи Кабир – 26,2 миллион доллари ИМА ворид ва аз ҳама бештар ба вилоятҳои Хатлону Суғд равона гардидааст, — изҳор дошт муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоя­гузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Мумин дар нишасти матбуотӣ, ки 30 январи соли ҷорӣ баргузор гардид. - Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода»-ро пеш гирифта, барои ворид гардидани сармоягузории хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардааст ва дар таҳрири нав қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сармоягузорӣ» аз ин ҷумла аст. Дар қонуни мазкур бо мақсади устувор гардонидани фаъолияти сармоягузорӣ пешниҳоди кафолати иловагии ҳуқуқӣ ба сармоягузор, муқаррарот оид ба интихоби шароити барои сармоягузор мусоидтар, ҳимояи ҳуқуқҳои сармоягузор ҳангоми милликунонӣ, экспроприатсия ва реквизитсия инъикоси худро ёфтаанд, — таъкид намуд Абдулмаҷид Мумин. Аз гузоришҳои масъулини кумита, ҳамчунин маълум шуд, ки маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2017, бо дарназардошти ба анҷомрасидани татбиқи баъзе лоиҳаҳо ва оғоз гардидани лоиҳаҳои нав, ба 69 адад расида, маблағи умумии онҳо 2,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Бо мақсади таъмини рақобатпазирӣ, шаффофият ва беғаразии расмиёти харид, мувофиқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2010 № 500 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба кушодани дархостҳои тендерӣ барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ тибқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 113 маросими кушодани дархостҳои тендерӣ баргузор гардид, ки соҳаҳои маориф, обтаъминкунӣ, энергетика, тандурустӣ, нақлиёт ва ғайраро фаро гирифтанд.

Соли гузашта нуҳ ҷамъияти саҳомӣ бо 100 фоиз саҳмияҳои давлатӣ таъсис гардида, то 1 январи соли 2017 шумораи умумии ҷамъиятҳои саҳомии кушода, ки бастаи 100 фоизи саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, 121 ададро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 34,8 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид шуд, ки ба 134,1 фоизи нақша баробар аст.

Соли 2016 ба дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолот диққати махсус дода шуд. Ба мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ тавассути Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» 132 лоиҳа ба маблағи 120273 ҳазор сомонӣ ҷонибдорӣ ёфт.

Масъулини кумита, ҳамчунин, роҷеъ ба ҷараёни хусусигардонии як қатор корхонаҳои азим, вазъи иншооти хусусигардида, чораҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва баъзе масъалаҳои дигар маълумот пешниҳод карданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»