Аз нишастҳои матбуотӣ

Феҳристи қарздорон фаъол шуд

№88 (4194) 21.07.2020

IMG_1904Дар  нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 17 июли соли 2020 баргузор шуд, сардори он Саид­вализода Барно Саиднабӣ аз ҷумла иброз дошт:

- Дар шаш моҳи соли 2020 ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 23080 маълумот ва арзу муроҷиати шахсони ­воқеию ҳуқуқӣ ворид гардид. Аз ин шумора, ба иҷрои санадҳои судӣ ва дигар мақомот 22588  адад рост меояд.

Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои 17320 ҳуҷҷати иҷро таъмин гардид, ки назар ба ҳамин  давраи соли гузашта 9,3 фоиз зиёд мебошад.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани масъу­лияти касбии кормандон ва ҷобаҷогузории мутахассисон зери назорати доимии роҳбарият қарор дорад.

Дар сохтори Хадамоти иҷро феҳристи қарздорон фаъол аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст. Айни замон ба он 1 922 шахсони воқеӣ ва 130 шахси ҳуқуқӣ ворид мебошанд.

Дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти хадамот 31 шаҳрванд оид ба ситонидани алимент, маскун намудан ва ситонидани қарз қабул ва барои ҳалли муроҷиатҳо чораҳои дахлдор андешида шуд.

Илова бар ин, баҳри ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва амалӣ намудани талаботи меъёрҳои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2009 — 2019» 438 вохӯрию суҳбат доир гардид.

Н. ТИЛЛО,

«Садои мардум»