Аз нишастҳои матбуотӣ

Фурудгоҳҳои маҳаллӣ барқарор мешаванд

№20 (3970) 19.02.2019

_DSC001111 феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки имсол манораи муназзимӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор мегирад.

- Сохтмони он дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия моҳи марти соли 2018 оғоз ёфта буд. Айни замон корҳои ҷамъбастии он амалӣ шуда истодааст, — гуфт директори Агентӣ Икром Субҳонзода. Номбурда афзуд, ки аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар соли гузашта 36 комиссия ташкил гардид, ки дар асоси хулосаи онҳо 150  шаҳодатномаи мутобиқат ба хадамоти марбутаи  корхонаҳои авиатсионӣ супорида шуд.

Инчунин, фуруд­гоҳҳои байналмилалии кишвар ба 2 миллиону 5,2 ҳазор мусофир хизмат расонданд, ки 67,3 фоизи он ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд. Парвози ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар 39 самт (ҶСК «Тоҷик Эйр» — 13 самт ва ҶММ «Сомон Эйр» — 26 самт) ба 11 кишвари хориҷи дуру наздик иҷро гардид.

Даромади умумии корхонаҳои авиатсионии кишвар 2312,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 нуҳ фоиз зиёд мебошад.

Таъмин намудани муназзамии парвозҳо, афзоиши интиқоли мусофирон ва бору бағоч, сохтмони толорҳои транзитӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд, барқарор намудани фурудгоҳҳои маҳаллӣ, дастрас намудани ҳавопаймоҳои муосири хурдҳаҷм барои амалӣ намудани парвозҳо аз ҷумлаи вазифаҳои соли ҷорӣ арзёбӣ гардиданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»