Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровон аст ва истифодаи самараноку оқилонаи онҳо ба рушди хоҷагии халқи мамлакат ва некуаҳволии аҳолӣ мусоидат мекунад. Бо дарки ин нуктаи муҳим геологҳои тоҷик фаъолияти худро баҳри иҷрои вазифаҳои пурмасъулият равона кардаанд. Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти яксолаи онҳо гувоҳи меҳнати пурмаҳсулашон мебошад.
Тавре сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Хол 10 январи соли 2017 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, соли 2016 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ аз рӯи 37 лоиҳа ба маблағи 13 миллион сомонӣ корҳо анҷом ёфтаанд. Ҳамчунин, иҷрои корҳои шартномавӣ аз рӯи 144 лоиҳа дар ҳаҷми 12 миллиону 352 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 441 557 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, суръати афзоиш 105 фоизро ташкил дод.
Мурод Хол, ҳамчунин роҷеъ ба саҳми соҳаи геология дар рушди иқтисодиёти миллӣ, ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, самтҳои фаъолияти иктишофӣ-геологӣ ва омӯзишӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки айни ҳол «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» бомуваффақият амалӣ мешавад.
Ба роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ҳамкорӣ ва ҷалби ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба омӯзиш, коркард ва истифодаи сарватҳои табиӣ, таъмини соҳа бо мутахассисон, истифодаи технологияҳои замонавӣ саволҳо дода шуд. Дар ин робита, Мурод Хол иброз намуд, ки дар пешбурди корҳо дар соҳаи геология айни ҳол ширкатҳои ватанӣ хеле фаъоланд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»