- Бо мақсади ҷалби васеи хатмкунандагони макотиби миёна барои дохилшавӣ ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе соли 2022 оид ба самтгирии касбӣ кори бонизом ташкил карда шуд. Чунончи, тавассути тақсимоти варақаҳои таблиғотӣ, буклетҳо, насби банерҳо, нишон додани презентатсияҳо аз рӯи равияҳои филиал ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма даъвати хоҳишмандон ба муассиса сурат гирифт, — иброз дошт директори иҷроияи он Рустам Ғаниев ва афзуд, ки дар филиал литсей ва курсҳои тайёрӣ низ амал мекунанд, ки дар онҳо мақсаднок омода шудани дохилшавандагон ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки дар давраи бақайдгирии соли равон дар Маркази миллии тестӣ 2015 довталаб филиалро интихоб кардаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 406 нафар кам аст. Теъдоди донишҷӯён то 1 июни соли равон 451 нафарро ташкил дода, аз он 287 нафар (63,3 фоиз) ба гурӯҳи буҷетӣ ва 164 нафар (36,7 фоиз) ба гурӯҳи шартномавӣ дохил мешаванд.
Бино ба қавли Рустам Ғаниев, фаъолият дар самти ба кор таъмин гардидани хатмкунандагони филиал аз ҷониби мудири таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, мутахассисони шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва мониторинги сифати таҳсилот ва шуъбаи илм, инноватсия, муносибатҳои байналхалқӣ ва табъу нашр амалӣ карда мешавад.
- Соли гузашта муассисаро 100 нафар хатм карданд ва аз он шумора бо роҳнамоии масъулин 58 нафарашон ба ҷои кор таъмин шуданд, — афзуд директори иҷроияи муассисаи таълимӣ.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»