Аз нишастҳои матбуотӣ

Хуршед КАРИМЗОДА: «Бо 110 мамлакат амалиёти содироту воридот сурат гирифт»

№20 (3970) 19.02.2019

Каримзода- Соли 2018 гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4218,2 млн. доллари ИМА- ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 470,5 млн. доллари ИМА ё 13 фоиз зиёд мебошад,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода.

Дар маҷмӯъ, иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 бо 110 мамлакати ҷаҳон амалиёти содиротию воридотӣ ба анҷом расониданд. Зимни раддабандӣ, минҷумла зикр шуд, ки содирот ба Қазоқистон 27,9 фоиз, Туркия-25,8, Ӯзбекистон-14,5, Афғонистон-6,7, Хитой-5,3, Россия-5,1, Эрон-3,3, Шоҳигарии Нидерландия-2,7, Тайван-1,6 ва Италия 1,5 фоизро ташкил дод. Воридот ба Федератсияи Россия 30,8 фоиз, Хитой-18,9, Қазоқистон-17,1, Туркия-4,0, Ӯзбекистон-4,0, Олмон-3,1, Ҷопон-2,2, Эрон-2,0, Покис­тон-1,7 ва Туркманистон 1,5 фоиз рост меояд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» маблағи пардохтҳои гумрукӣ 4802,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки ба ҷойи он ба Буҷети давлатӣ 4858,5 млн. сомонӣ ворид шуд.

Хуршед Каримзода аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки нақшаи воридоти андоз аз арзиши иловашуда 100,1 фоиз, боҷи гумрукӣ — 100,6, боҷи содиротӣ — 119,6, андози аксизӣ — 102,5 ва нақшаи воридоти ғайриандозӣ — 103,4 фоиз иҷро гардиданд.

Бино ба гуфти масъулин, соли сипаригашта 4280 қонуншикании гумрукӣ ошкор шудааст, ки 72 ададаш ҷиноят мебошад. Дар натиҷаи баррасии 4208 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 3956 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 15887,3 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва 7090,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Инчунин, як ҳолати воридоти ғайриқонунии китобҳои динӣ, даҳ ҳолати ғайриқонунӣ берун аз ҷумҳурӣ бурдани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ошкор ва нуҳ парвандаи ҷиноятӣ, ду парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»