Аз нишастҳои матбуотӣ

Илҳом Атоев: «Сифати хизматрасонӣ беҳбуд ёфт»

№15-16 (4277-4278) 04.02.2021

DSC_0903Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини сардори Хадамот Илҳом Атоев нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

 Номбурда баъди ҳисоботи масъулони сохторҳои Хадамот дар бораи фаъолияти яксола ба саволҳои хабарнигорон посух дод. Аз ҷумла, вобаста ба шикояти мизоҷон роҷеъ ба суръати пасти интернет ва хизматрасонии ширкатҳои мобилии Тоҷикистон гуфт, ки чунин ҳолатро мушоҳида накардаанд. Ба гуфти вай, сатҳи хизматрасонӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар шуда, миёни давлатҳои минтақа мавқеи хубро дорост.

Зикр гардид, ки соли 2020 шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 286 ҳазору 516 ­ададро ташкил дода, миқдори муштариёни имтиёздор дар шабакаи телефонии ҶСК «Тоҷиктелеком», иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, маъюбони гурӯҳҳои як ва ду 9834 нафар мебошад.

Аз нишондодҳои корхонаҳои зерсох­тори Хадамоти алоқа ва операторону провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар давраи мавриди назар даромади умумӣ 2 миллиарду 730 миллиону 276 ҳазору 552 сомониро ташкил додааст, ки ба 104,5 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин давра субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ дар соҳаи барқӣ иҷозатнома доранд 178 ададро ташкил менамояд. Шумораи истифодабарандагони интернет якҷо бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 3,34 миллион нафар мебошанд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»