Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳиссаи содирот зиёд гардид

№23 (4763) 19.02.2024

DSC_8860- Новобаста аз таъсири омилҳои беруна соли 2023, дар маҷмӯъ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 130,8 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,3 дарсадро ташкил дод, — иброз намуд вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ 13- уми феврал.

Зикр гардид, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12 дарсад, кишоварзӣ — 9, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 22,5, боркашонӣ -16,6, гардиши савдо — 13,4, хизматрасонии пулакӣ — 14,1 ва мусофиркашонӣ 9,8 дарсад таъмин шуд.

Таъкид гардид, ки соли сипаришуда гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфта, ба 8 миллиарду 328,9 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2022-юм 13,9 дарсад ё 1 миллиарду 19,4 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин давра содироти мол 2 миллиарду 448,8 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 306,8 миллион доллар ё 14 дарсад зиёд мебошад.

- Боиси хушнудист, ки ҳаҷми содирот дар савдои хориҷӣ сол ба сол тамоюли афзуншавӣ дорад. Агар солҳои пеш ҳиссаи содирот дар савдои хориҷӣ 20 дарсадро ташкил дода бошад, соли сипаригардида ин рақам ба 30 дарсад расид,- иброз намуд Завқӣ Завқизода.

Дар сохтори содиротии кишвар ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо (гурӯҳи молии 71) 46,6 дарсад, маъдан — 15,4, нахи пахта ва маҳсулот аз он — 10,2, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он — 6,1, дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) — 4,4, маҳсулоти кишоварзӣ 1,9 дарсадро ташкил медиҳад.

Солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ватанӣ ҳаҷми воридоти гӯшти мурғ, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, меваҳои ситрусӣ, орд, маҳсулоти ширӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле коҳиш ёфт.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»