Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли орд дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

Safaral-urbonzoda-5Дар ин бора 13 июли соли равон муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт:

- Дар моҳҳои январ — июли соли 2022 бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, аз ҷониби 55 субъекти хоҷагидор ба ҷумҳурӣ 374,2 ҳазор тонна гандум ба маблағи 119,3 млн. доллар бо нархи миёнаи 319 доллар барои як тонна ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67,3 ҳазор тонна ё 15,2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Таҳлилу омӯзиши вазъи бозори гандуму орд ва динамикаи нархҳо нишон медиҳад, ки нархи гандуми аз Ҷумҳурии Қазоқистон харидоришаванда, ки яке аз содироткунандагони асосии орд ва гандум (97,9 фоиз) ба ҷумҳурӣ ба шумор меравад, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта аз 245 — 250 доллар то ба 380 — 405 доллар барои як тонна афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 227,5 ҳазор тонна орд истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 124,2 ҳазор тонна ё 0,8 фоиз кам аст. Иттилоъ гирифтем, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 ба ҷумҳурӣ бисту се ҳазору нуҳсаду ҳаштоду як тонна орд ба маблағи ҳашт миллиону яксаду шасту шаш ҳазору ҳафтсад доллар бо нархи миёнаи 354 доллар барои як тонна ворид шудааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

 «Садои мардум»