11 майи соли 2021 дар натиҷаи бориши аз ҳад зиёд сатҳи оби сою дарё дар шаҳри Кӯлоб баланд гардида, хисороти молию ҷонӣ ба бор овард. Тибқи маълумот, офати табиӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб беш аз 46 миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ расонид, — гуфт раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода 26 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда, ҳамчунин, изҳор дошт, ки 43 хонаи истиқоматӣ пурра, 102 хонаи истиқоматӣ қисман ва зиёда аз 606 иншооти хизматрасонии аҳолӣ зарар диданд.
Чор муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 5,9 километр роҳҳо, 10 кӯпрук, 7 трансформатор, 350 метр хатҳои алоқа, 13,5 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 492 метр қубурҳои обгузар, 2 иншооти обтаъминкунӣ, 5 агрегати барқӣ, 128,3 га замини кишт зарар дида, 128 сар чорвои сокинон талаф ёфт.
- Бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Бадахшон, вазорату идораҳо, Давлати Қатар ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқа ва соҳибкорони ватанӣ ба оилаҳои зарардида кумак расонида шуд. Он аз масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ, лавозимоти рахти хоб ва ашёи рӯзгор иборат буд. Илова бар ин, ба 1744 оилаи аз офати табиӣ зарардида маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, пиёз, дастрас шуд, — афзуд А. Вализода.
Айни замон дар 43 хонаи истиқоматӣ, ки аз офати табиӣ пурра зарар дидаанд, корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд идома доранд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»