Аз нишастҳои матбуотӣ

Коронавирус ба ҷалби омӯзгорон низ таъсир расонд

№94 (4200) 06.08.2020

MGU-3Дар нишасти матбуотие, ки 30 июли соли 2020 дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, директори иҷроия Сайъало Мирзоев суханро аз муваффақиятҳо оғоз намуд.

Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки 19-21 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус олимпиада аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва аспирантон аз ҳашт кишвар иштирок дош­танд. Донишҷӯи соли сеюми таҳсил Ҳикматулло Исматов сазовори медали тилло ва дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутюков байни муаллимон дар шаҳри Алмаато (Ҷумҳурии Қазоқистон) соҳиби медали нуқра гардид.

Инчунин, корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар самти илмҳои табиӣ, математикаи амалӣ ва информатика, геология, химия, физика ва илмҳои гуманитарӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ҷараён доранд.

Ба раванди таълим 88 устоди баландихтисоси ДДМ ҷалб шуданд, ки 65 нафар доктор ва номзадҳои илм мебошанд. Коҳиш ёфтани ҷалби профессорону омӯзгорони ДДМ ба пайдоиши бемории коронавирус ва эълони карантин дар Федератсияи Россия вобаста аст.

Айни ҳол дар таълимгоҳ 19 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил мекунанд. Натиҷаи имтиҳонҳои давлатии ҳама равия нишон доданд, ки донишҷӯён дониши хуби назариявӣ ва амалиро аз бар кардаанд, ки ин барои фаъолияти касбии онҳо замина фароҳам месозад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»