Аз нишастҳои матбуотӣ

Кумитаи рушди маҳал иҷрои қонунҳои соҳаро назорат мекунад

№89 (3883) 21.07.2018

Рушди Махал- Дар нимсолаи аввали соли равон барои кормандони Кумитаи рушди маҳал иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-984 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, дар мадди аввал қарор дошт ва вобаста ба он 4 январи соли 2018, таҳти №01 фармоиши раиси кумита ба тасвиб расид, ки дар асоси он нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ ҷиҳати муайян намудани раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо мушаххас гардид, — зикр кард муовини раиси кумитаи мазкур Ёқуб Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 17 июли соли равон баргузор шуд.

Инчунин, зикр шуд, ки ҷиҳати такмили низоми идоракунии маҳаллӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин, такмил ва таҳкими асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию иқтисодии идоракунии маҳал ва тақвияти масъулият дар назди ҷомеа, кумита фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Лахш, Тоҷикобод, Бохтар ва Ёвону Қубодиёни вилояти Хатлон, Исфараи вилояти Суғд ва Ванҷи ВМКБ-ро вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худфаъолияти ҷамъиятӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дод.

Ҳамчунин, вобаста ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва сармоягузорӣ дар маҳалҳо, рушди сайёҳӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона як қатор корҳо анҷом дода шуд.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»