Аз нишастҳои матбуотӣ

Маҷмӯи фанҳои имтиҳонотӣ таҳия шуд

№94 (4200) 06.08.2020

ММТ- Бо розигии Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти  олии касбии ҷумҳурӣ маҷмӯи нави фанҳои имтиҳониро роҳандозӣ намудем. Тибқи ин тарҳ, соли ҷорӣ қабули довталабон ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба роҳ монда шуда, вазифаҳои дар назди низоми мазкур гузошташуда пурра иҷро шуд, — гуфт директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ,  зимни нишас­ти матбуотие, ки 3 августи соли 2020 доир гардид.

Иқдоми зикршуда фарқияту бартариҳое дорад, ки ба манфиати довталабон мебошад. Барои мисол, довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки солҳои пеш супоридани ду қисм – А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳонҳои ихтисос) – ро талаб мекард, соли ҷорӣ танҳо як имтиҳон — қисми А -ро супориданд.

Бино ба гуфти Хуршед Икромӣ, бо мақсади шинос кардани алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо хусусият ва тартибу қоидаҳои он соли ҷорӣ  Марказ мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси шиносоӣ бо низоми ИДМ-ро дар се давр баргузор кард. Тибқи дархост, 108 корманди раёсату шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар даври якуми курси шиносоӣ, ки дар даҳаи охири моҳи январ баргузор гардид, иштирок карданд.

Инчунин, таблиғгарони ИДМ – 2020 ба муассисаҳои таълимӣ рафта, бо хатмкунандагон, падару модарон ва омӯзгорон вохӯрӣ доир карданд. Дар онҳо 82760 падару модар ва 27495 омӯзгор иштирок доштанд.

А. МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»