Аз нишастҳои матбуотӣ

Мақоми дуюми ДДОТ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни 35 муассиса

№16 (4436) 05.02.2022

Омузгори31 январи соли равон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сад­риддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ зимни нишасти матбуотӣ аз фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 ҳисобот дода, аз ҷумла гуфт, ки чор кафедраи нав — «хариташиносӣ, иқлимшиносӣ ва яхшиносӣ», «педагогика ва психологияи томактабӣ ва кори иҷтимоӣ», «таърих ва ҳуқуқ» ва «физиологияи синнусолӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ» таъсис доданд.

- Соли таҳсили ҷорӣ муҳассилини донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз…», ки донишҷӯёни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбиро фаро гирифт, фаъолона иштирок намуда, сазовори 5 ҷойи якум ва 1 ҷойи сеюм гардиданд. Дар натиҷа, дар байни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ донишгоҳ сазовори ҷойи дуюм дониста шуд, — иттилоъ дод ректор.

Вобаста ба робитаҳои байналмилалии ДДОТ зикр гардид, ки он бо Маркази Конфутсий, сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Фаронса, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Федератсияи Россия, ИМА, Маркази фарҳангии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин бо беш аз 90 муассисаи таҳсилоти оливу касбии хориҷи кишвар ҳамкории судманд дорад. Илова бар ин, соли 2021 бо 14 донишгоҳи олии хориҷи кишвар дар самти илм, инноватсия ва таълим табодули донишҷӯён ва омӯзгорон сурат гирифт.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

 «Садои мардум»