Аз нишастҳои матбуотӣ

Мактабҳои саҳроӣ малакаи фермеронро баланд мебардоранд

№92 (4198) 31.07.2020

 DSC_0349Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» барои дастгирии тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ равона шуда, ба татбиқи Барномаи ҳамаҷонибаи ислоҳоти аграрӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳо ҳамчун асос барои ислоҳот ва сармоягузории оянда таҳия шудааст, мусоидат мекунад.

Муовини директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Ҳусейн Каримов 27 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар доираи қисмати якуми лоиҳаи зикршуда баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ ва малакаҳои иштирокчиёни пешбинӣ шудааст. Дастгирӣ дар шакли чорабиниҳои гурӯҳӣ (таълимӣ) ва кумаки инфиродии техникӣ (хизматрасонии машваратӣ) аст.

Чанд соли охир сабзавоткорони мамлакат аз сабаби зиёд шудани сафедболак ва кӯяи помидор ҳосили дилхоҳи помидор ба даст оварда наметавонанд. Мушовир — ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба омӯзиш Қурбоналӣ Меликов зикр намуд, ки аз ҷониби Ширкати байналмилалии машваратии «NIRAS Sweden AB» дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардида, ба фермерон усули биологии мубориза бо зараррасонҳо омӯзонида шуд. Дар ин хусус роҳнамо барои деҳқонон низ таҳия шуда, омодаи чоп аст.

Дар мактабҳои саҳроӣ — фермерӣ 89 гурӯҳи истеҳсоли маҳсулоти зардолу, 135 гурӯҳи вобаста ба шир, 179 гурӯҳи вобаста ба себу нок, 47 гурӯҳи вобаста ба лимӯ ва 95 гурӯҳ дар 25 ноҳия вобаста ба помидору бодиринг ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар қисмати дуюми лоиҳа бо мақсади тиҷоратикунонии фермерҳои хурд ва ниёзманд, ки дар гурӯҳҳои фермерӣ омӯзонида, дар доираи барномаҳои грантӣ дастгирӣ карда мешаванд. Дар доираи барномаҳои грантӣ барои тиҷоратикунонӣ то ин дам 2279 манфиатгиранда бархӯрдор гардидаанд, ки аз онҳо 1017 нафар зан мебошанд. 

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»