Дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми январи соли равон аз ҳисоби захираҳои дохилӣ музди меҳнати кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 10 фоиз зиёд шуд. Дар ин бора ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ 2 феврал иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар донишгоҳ 439 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил намуда, 60 фоизи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона идрорпулӣ мегиранд.
Ҷиҳати густариш додани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ соли таҳсили 2023-2024 дар донишгоҳ 23 гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ ва 2 ихтисос дар 4 гурӯҳ таълимашон бо забони англисӣ ба роҳ монда шуд.
Соли таҳсили 2023 донишгоҳро 31 донишҷӯ аз хориҷи кишвар хатм намуда, ҳоло 131 нафар аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия таҳсил доранд.
Соли 2023 аз ҷониби раёсати донишгоҳ 32 омӯзгору донишҷӯе, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд, ба маблағи зиёда аз 140 ҳазор сомонӣ, инчунин, омӯзгороне, ки давоми соли 2023 дараҷа ва унвони илмиро соҳиб гардиданд, 50 ҳазор сомонӣ ва роҳбарони илмии унвонҷӯён ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ ҳавасманд шуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»