Аз нишастҳои матбуотӣ

Масъулин 464535 сомонӣ ҷарима шуданд

№№6(3643) 21.01.2017

Матбуотбехатарии корхо дар+++Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон1482 корхона ва 6457 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Соли 2016 аз тарафи ҳашт нозироти давлатӣ ва се нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 709 назорати техникӣ гузаронида шуд, — изҳор дошт сардори Хадамоти мазкур Раҳим Санъат Асо зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, ба корхонаҳое, ки дар онҳо қоидавайронкуниҳо ошкор шудаанд, 806 нишондод бо дарназардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, барои бартараф кардани камбудиҳо муҳлати муайян муқаррар шудааст. Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки 478 нафар шахсони масъули корхонаҳои бақайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 464535 сомонӣ ҷарима шуданд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта, бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, 21 нафар ҳалок ва 21 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»