Соли 2016 бештар кардани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тавсеаи ҳамкориҳои дохиливу хориҷӣ, тайёр кардани маводи таблиғотӣ, пешниҳоди гузоришҳои махсуси таҳлилӣ дар самтҳои гуногун дар мадди назари кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин бора директори Марказ Худобердӣ Холиқназар нуҳуми январи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки соли 2016 дар самтҳои амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ тадқиқот гузаронида шуд.
- Марказ робитаро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ густариш бахшида, дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои СММ, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Созмони олмонии ҳамкории байналмилалӣ, Маркази дипломатияи пешгиранда ҳамкорӣ дорад, — изҳор дошт Худобердӣ Холиқназар. — Соли сипаришуда кормандони марказ 5 китоб, 5 маҷалла нашр ва 12 конференсия баргузор карда, дар шаҳру ноҳияҳо 200 вохӯрӣ ва дар воситаҳои ахбори омма 400 мусоҳиба анҷом додаанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»