То соли 2025 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду самт-«Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он» ва «Роҳҳои баландбардории амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон» корбарӣ хоҳад кард. Ин нуктаро директори маркази зикршуда Хуршед Зиёӣ 27 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд.
Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра пажӯҳиш дар мавзӯъҳои «Амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, мундариҷа, таҳаввулот ва ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқӣ», «Моҳият ва усули арзёбии амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир», «Технологияи сиёсии ҳамкории ниҳодҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Трансформатсияи сохтории иқтисодиёт ва мушкилоти навсозии инноватсионии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хусусиятҳо ва заминаҳои такмили сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳлилу арзёбии вазъи соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Амнияти иҷтимоӣ: муҳтаво ва махсусиятҳои он дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ гузаронида мешавад.
Қобили зикр ҳам ҳаст, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Лаҳистон ҳамкориҳои самарабахш дорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»