Аз нишастҳои матбуотӣ

Муҳоҷирати меҳнатӣ 16 фоиз кам шуд

№22 (4762) 16.02.2024

13Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2023 аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи баҳодиҳии пешакӣ 2675,9 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 2627,6 ҳазор нафар ё 98,2 дарсад дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар машғули кор буда, ба 48,3 ҳазор нафар ё 1,8 дарсад расман мақоми бекорӣ дода шудааст.

Бино ба гуфти ӯ, соли сипаришуда аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 230747 ҷойи нави корӣ ва иловагӣ таъсис ва барқарор шудааст, ки 79143 ё 34,2 дарсадаш ҷойи кори доимӣ мебошад. Дар ин давра, ҳамчунин, бо назардошти ҷойҳои кории солҳои пеш таъсисёфта 56 503 ҳолати барҳам хӯрдан ва ихтисори ҷойи корӣ ба қайд гирифта шудааст. Соли 2023-юм 652014 шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба соли 2022-юм 16 дарсад кам мебошад.

Вобаста ба назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода зикр кард, ки соли сипаришуда фаъолияти 2818 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор гирифта, 13183 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуд. Аз ин шумора 9517 ҳолат ба масъала­ҳои меҳнат, 2498 ҳолат ба бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 76 ҳолат ба муҳоҷират ва 1092 ҳолат ба шуғли аҳолӣ иртибот дорад. Бино ба гуфти номбурда, соли 2023 бо дахолати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 35 миллиону 283 ҳазор 559 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»