Аз нишастҳои матбуотӣ

Мурофиаҳои сайёри судӣ дар 130 парванда қонуншиканиро ошкор намуданд

№91 (4041) 27.07.2019

DSC_0322- Дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки ҷавҳари онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳанд, барқарорсозии адолати судию иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун вазифаи асосии судҳо маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои ин рисолат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ корҳои зиёдро ба сомон расониданд, — изҳор дошт раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки 24 июли соли ҷорӣ доир гардид.

Ӯ гуфт, ки дар нимсолаи якуми соли 2019 ба судҳои иқтисодӣ 1888 аризаи даъвоӣ ва шикояту дархост ворид ва аз он 1153 парванда моҳиятан бо баровардани санадҳои судӣ (дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ) баррасӣ гардид. Истеҳсолот доир ба 66 парванда қатъ карда, 73 ариза бе баррасӣ мононда, ду парванда аз рӯи тобеият ирсол шуд. Қабули ҳафт ариза рад ва 317 ариза, бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуда, баргардонида шуд.

Доир ба рӯёнидани зарар ва маблағҳое, ки аз муносибатҳои қарзӣ бармеоянд, судҳои иқтисодӣ талаботро нисбат ба 99461537 сомонӣ қонеъ гардонида, 1925416 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёниданд. Таъмини иҷрои санадҳои судӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардид, ки аз бисёр ҷиҳат ба таъсиси сохтори нав — Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

- Судҳои иқтисодӣ дар робита ба татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон 164 парвандаро дар мурофиаҳои сайёр баррасӣ намуданд. Дар натиҷа, дар 130 парванда вайронкунии қонун ошкор карда шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва бо мақсади ҷалби диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор таъиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол гардид, — иброз дошт раиси Суди Олии иқтисодӣ.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»