- Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаю 96 килою 616 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 619 кило зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб 2 тоннаю 89 кило ба Вазорати корҳои дохилӣ, 789 кило ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 217 килою 820 грамм ба Агентии назорати маводи нашъаовар ва 508 грамм ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рост меояд,- иброз намуд директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар 29-уми июли соли равон дар нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки тайи 6 моҳи аввали соли равон аз ҷониби агентӣ 55 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор шуда, фаъолияти 15 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 37 нафар қатъ гардид.
Самад Зафар иброз намуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар нимсолаи якуми соли равон 13 ҳазору 731 дона ҳабҳои психотропӣ мусодира гардид, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба ё 10 ҳазору 776 дона зиёд мебошад. Ҳамчунин, аз муомилоти ғайриқонунӣ 84 кило моддаҳои психотропӣ дар шакли хока мусодира шудааст, ки 80 килою 977 грамми онро «метамфетамин» ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияҳои истеҳсоли маводи нашъаовар ва кишти кӯкнор ҷой надошта, онҳо аз дигар кишварҳо, алалхусус Афғонистон, бо роҳи қочоқ ворид мешаванд.
Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11860 ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248 ҷиноят зиёд мебошад. Аз ин шумора 419 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар буда, дар қиёс бо ҳамин давраи соли сипаригардида 28 ҷиноят зиёд аст.
Самад Зафар зикр намуд, ки дар 6 моҳи аввали соли равон барои содир кардани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 515 нафар дастгир карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 87 кас зиёд мебошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»