Нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи ҳама намуди суғурта иҷро шуд

№94 (3731) 08.08.2017

DSC_1573+Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» аз рӯи 28 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ки аз нисф зиёди он ба суғуртаи ихтиёрӣ рост меояд.

Муовини директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев чоруми августи соли равон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 бо 400 ҳазору 751 ашхоси воқеиву ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ баста шуда, иҷрои нақшаи ҳама намуди суғурта таъмин гардид.

Дар ин давра ҷиҳати ҷуброни зарар ба 5 ҳазору 878 шахси ҳуқуқию воқеӣ, ки ба саломатӣ ва молу мулкашон осеб расидааст, 5 миллиону 176 ҳазор сомонӣ пардохта шуд.

Аз маблағи умумии дар ин давра ба суғурташудагон пардохташуда суғуртаи ҳаёт бо 38, 5 фоиз дар ҷойи аввал меистад. Ба буҷаи кишвар 5 миллиону 174 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 542 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби суғуртаи намудҳои ҳатмӣ ва 4 миллиону 632 ҳазор сомониаш аз ҳисоби дигар намудҳои андоз мебошад. Аз ин ҳисоб 1 миллиону 570 ҳазор сомонии онро ҳаққи андози иҷтимоӣ ташкил медиҳад.

 Мирзо НУРАЛИЕВ, «Садои мардум»