Аз нишастҳои матбуотӣ

Напардохтани ҳаққи обрасонӣ қарзро зиёд кардааст

№96 (4836) 05.08.2024

3Дар шаш моҳи аввали соли равон идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо барои обёрии 524410 гектар бо 75292 истифодабарандаи об шартнома ба имзо расонда, 1 млрд. 811 млн. метри мукааб (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 267,2 млн. метри мукааб кам) бо арзиши 87,2 млн. сомонӣ (дар қиёс ҳамин давраи соли гузашта 47,0 млн. сомонӣ зиёд) об расониданд. Дар ин бора директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода 25-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфти ӯ, истифодабарандагони об дар ин давра 12,2 млн. сомонӣ ҳаққи обрасониро пардохт кардаанд, ки ба 14 фоизи арзиши оби додашуда баробар мебошад.

- Бо вуҷуди аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра иҷро кардани уҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби истифодабарандагон, хусусан кишоварзон, ҳаққи обрасонӣ сари вақт ва пурра пардохт намешавад. Аз ин сабаб қарзҳо афзуда, бақияи он бо назардошти солҳои пеш 234,4 млн. сомониро ташкил менамояд. Ин дар навбати худ боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо, гардидааст. Бо мақсади рӯёндани маблағи қарз ба судҳои иқтисодӣ ва прокуратура аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 46,7 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвоӣ пешниҳод гардида, 6,7 млн. сомонӣ рӯёнда шуд, — зикр кард номбурда.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»