Аз нишастҳои матбуотӣ

Нархи маҳсулоти нефтӣ воқеӣ мебошад

№89 (3883) 21.07.2018

зиддиинхисориДар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 18 июли соли равон баргузор шуд, рӯзноманигорон бештар доир ба гарон шудани нархи маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ ба масъулин суол доданд.

Муовини якуми сардори Хадамот Назар Одиназода изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2018 ба ҷумҳурӣ 217,4 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ, аз ҷумла 92,7 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 85,9 ҳазор тонна бензин, 17,5 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 8,6 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ ва 12,6 ҳазор тонна ­мазут ворид гардидааст, ки аз ҳаҷми умумии он 76,6 дарсад ба корхонаҳои коркарди нефти Федератсияи Россия, 9,3 дарсад ба Ҷумҳурии Туркманис­тон, 9,73 дарсад ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва 4,37 дарсади боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд. Дар ин давра ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоӣ доранд, аз рӯйи воридоти сӯзишвории дизелӣ ва бензин се субъекти хоҷагидор — ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикис­тон», ҶДММ «Сеганҷ» ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд. Умуман, дар нимсолаи аввал ба кишвар 179186,3 тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки 81,8 дарсади он аз Ҷумҳурии Қазоқистон аст. Масъулин гарон шудани нархи сӯзишвории дизелӣ ва бензинро ба гаронии нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ алоқаманд донистанд. Бино ба гуфти онҳо, нархи имрӯзаи ин намуди маҳсулот дар кишвар воқеӣ буда, дар баланд шудани он субъектҳои хоҷагидори дар бозор мавқеи ҳукмфармоидошта таъсир надоранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»