Табибони тоҷик соли 2023-юм 224 ҷарроҳии мураккаби пайвандсозии узвро анҷом доданд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Солҳои пештар шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои чунин ҷарроҳӣ бо сарфи маблағи зиёд хориҷи кишвар мерафтанд, — афзуд Ҷ. Абдуллозода.
Иттилоъ гирифтем, ки табибони тоҷик дар самти ташхис ва табобат баъзе навовариҳо ворид намуда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварданд. Ташхис ва табобати малформатсияи шараёнӣ-варидии лаб, лифтинги эндоскопии пешонӣ, барқарор намудани найчаи тухмгузар ҳангоми ҳомиладории найчавӣ, гузоштани адасаи дохилии чашм, вискоэластикаи когензивӣ ҳангоми ҷарроҳии чашмпардаи оризавӣ, истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунук аз ҳамон ҷумлаанд.
Имплантатсияи кохлеарӣ, плазмоферези мембранӣ, бартараф намудани часпиши модарзоди ҳароммағз — тетринг синдром, тривентрикулостомияи эндоскопӣ ҳангоми гидросефалияи модарзодии окклюзионӣ дар кӯдакон, пӯшондани нуқсони устухони косахонаи сар бо усули 3Д пресс-форма, фенестратсияи девораҳои кистаҳои арахноидалии майнаи сар бо усули эндоскопӣ низ аз дастовардҳои тиби тоҷик дар соли гузашта арзёбӣ шуд.
Истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ соли 2023 зиёда аз 95 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ин муддат як қатор муассисаҳои табобатии ҷумҳурӣ ба таҷҳизот ва асбобҳои нави тиббӣ — дастгоҳҳои рентгении рақамӣ, катҳои функсионалӣ, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, монитори назди кати бемор, мизи ҷарроҳӣ ва шаш нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» таъмин ва марказҳои ташхису саломатии ноҳияҳои Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Масчоҳ ва Фархор навсозӣ шуданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»