Нишастҳои матбуотӣ

Никоҳу таваллуд кам ва талоқу марг зиёд шуд

№92 (3729) 02.08.2017

DSC_1762- Тибқи нақша, дар нимсолаи якуми соли 2017 аз ҷониби мақомоти маҳаллии омор 1072 санҷиши эътимоднокии маълумоти оморӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он нисбат ба 676 шахси масъули корхонаву муассисаҳо барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи умумии 238,6 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гардид, — изҳор дошт директори Агентии омори ­назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода 27 июл зимни нишасти матбуотӣ.

Нафарони ҷаримашуда асосан кормандони соҳаи кишоварзӣ мебошанд. Бино ба гуфти ӯ, мақомоти омор дар давраи мавриди назар барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар назди мақомот гузошташударо пурра иҷро намудааст. Дар ин давра ҷиҳати ҷамъоварии маълумоти оморӣ аз фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва хоҷагиҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таҳқиқотҳои интихобии «кори нақлиёти ҷамъиятии марбут ба соҳибкорон», «таҳқиқоти мағоза, дорухона, ошхона, қаҳвахона ва тарабхонаҳо», «таҳқиқоти бозорҳои ашё ва озуқаворӣ», «таҳқиқоти интихобии хоҷагиҳои соҳаҳои растанипарварӣ ва чорвопарварӣ», «таҳқиқоти шахсони воқеӣ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ» гузаронида шуд. Моҳҳои январ-июни соли 2017 камшавии бақайдгирии таваллуд ба андозаи 3,5 фоиз ва зиёдшавии фавт 0,6 фоиз ба мушоҳида расидааст. Афзоиши аҳолӣ дар ин давра нисбат ба як соли пеш 4,3 дарсад кам шуда, 89,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Никоҳ 7,2 фоиз кам ва талоқ 11,4 фоиз зиёд шудааст.

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»