Аз нишастҳои матбуотӣ

Нисбат ба 368 нафар 1776370 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид

№90 (4040) 25.07.2019

Суди Оли- Дар нимсолаи якуми соли 2019 ба судҳои ҷумҳурӣ 84071 парванда ва дархосту пешниҳод ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 659 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора судҳо 74182 парванда ва дархосту пешниҳодро моҳиятан баррасӣ карданд, — изҳор дошт раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 июли соли ҷорӣ доир гардид.

Дар марҳилаи якум 6838 парвандаи гражданӣ, 19381 парвандаи оилавӣ, 5355 парвандаи ҷиноятӣ, 28261 парвандаи маъмурӣ ва 9747 дархосту пешниҳоди мақомоти гуногун баррасӣ гардиданд.

Аз ҷониби судҳо вобаста ба вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 375 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 375 шахс баррасӣ ва ба 368 нафар ба ­маблағи умумии 1776370 сомонӣ ҷарима татбиқ шуд. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 10183 ададро ташкил дода, нисбат ба 9267 нафар қарор қабул гардид ва ба 3628 нафар огоҳӣ дода, 5639 нафар ба маблағи умумии 939265 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳои ҷумҳурӣ 10547 таъиноти хусусӣ бароварданд.

Раиси Суди Олӣ, ҳамчунин оид ба нақшаву чорабиниҳои пешбининамудаи мақомот дар нимсолаи дуюми соли 2019 маълумот дод.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»