12 июли соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он, аз ҷумла, зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба донишгоҳ 11516 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид ва сари вақт баррасӣ шуданд. Инчунин, нисбат ба 68 мутахассиси ҷавон, ки донишгоҳро соли 2020 аз ҳисоби буҷети давлат хатм карда, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, аризаҳои даъвоӣ ба судҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардиданд. Аз онҳо то ҳол 10225,00 сомонӣ ба буҷети давлат баргардонида шуда, ҳукмҳои дигари судӣ дар ҳолати иҷро қарор доранд.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки имсол 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат «Энсиклопедияи донишгоҳ» ва китобҳои «Қомуси донишгоҳ» ва «Омӯзгор — чароғи рӯзгор» чоп мегарданд.
Иттилоъ гирифтем, ки дар донишгоҳ 20 маъюб фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 8 нафар маъюби гурӯҳи дуюм ва 12 кас маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд. Барои онҳо, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити мусоиди корӣ фароҳам шуда, аз имтиёзҳои пешбинишуда бархӯрдоранд.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»