Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ. 320 гектар замини корами «Гулистон» бе об монд

№94 (4200) 06.08.2020

DSC00223Дар ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсоли маҳсулот дар нимсолаи аввали соли равон 393 миллиону 596 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,9 фоиз зиёд аст. Қисми даромади буҷет дар ин давра ба андозаи 75 миллиону 347 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки аз нақша 17 миллиону 547 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Қисми хароҷот 76 миллиону 708 ҳазор сомонӣ — 76,1 фоиз иҷро гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 702 ҳазор сомонӣ ё 7,7 фоиз кам аст. Дар ин бора раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ (27 июл) маълумот дод.

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввал ба 101 миллиону 784,9 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба нимсолаи соли гузашта 40,4 фоиз зиёд мебошад. Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар нимсолаи аввали соли 2020 вуҷуд надошт, вале кашолкорӣ дар пардохти андози иҷтимоӣ ҳаст, — гуфт ӯ.

Тибқи гузориши раиси ноҳия, дар нимсолаи аввали соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 206 миллиону 24 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 4 миллиону 120 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра кишти зироати пахта нисбат ба дурнамо 216 гектар ва картошка 154 гектар кам шудааст.

Имсол дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбат ба соли гузашта таъмини замини киштшаванда ва наздиҳавлигии сокинон бо оби полезӣ беҳтар гардид. Бо вуҷуди ин, бо сабаби сари вақт аз шаҳри Ваҳдат тавассути канали Роҳатӣ ҷорӣ нагардидани об 320 гектар замини корами деҳоти «Гулистон» бе об монд.

- Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ сохт­мони 414 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то ба ҳол 262 адади он мавриди истифода қарор гирифтанд, — афзуд Рустам Акрамзода.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»