Раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло зимни нишасти матбуотӣ, ки 26 июли соли 2021 баргузор гардид, изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 301 миллиону 922,6 ҳазор сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 миллиону 906 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ба хориҷи кишвар бошад, 2695 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 ба 42 миллиону 399,5 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 855,7 ҳазор сомонӣ беш аст.
- Иҷрои нақшаи андоз бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 100,9 фоиз таъмин гардида, бақияпулиҳои андоз 12 миллиону 690 ҳазор сомониро ташкил дод. Хурсандиовар аст, ки нишондод нисбат ба аввали сол 1 миллиону 543,5 ҳазор сомонӣ кам гардидааст, — гуфт Ш. Азизулло.
Ҳоло дар ноҳия 745 шахси ҳуқуқӣ, 5490 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла, 1366 соҳибкор бо патент, 585 соҳибкор бо шаҳодатнома ва 3539 хоҷагии деҳқонӣ дар ғановати бозор саҳмгузоранд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»