Нишастҳои матбуотӣ

Нобаробарии нарх сабаби афзоиши қарз аст

№90 (3727) 27.07.2017

Бех Зам ва Обёри (4)- Нархи як киловат/соат неруи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ 5,1 дирам муқаррар шудааст ва ҳаққи хизмати обрасонӣ 1,5 дирамро ташкил медиҳад. Чунин нобаробарӣ сабаби асосии зиёд шудани қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» гардидааст. Ин нуктаро муовини якуми раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Абдулло Қурбонзода 24 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, ҳаққи хизмати обрасонӣ аз соли 2011 тағйир наёфтааст. Номбурда зикр кард, ки дар 6 моҳи соли 2017 идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 4826 истифодабарандаи об барои обрасонӣ ба 542 909 гектар шартнома ба имзо расонидаанд ва ба онҳо 1909,2 миллион метри кубӣ бо арзиши 32,7 миллион сомонӣ об расонида шудааст. Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра 17,1 миллион сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт шудааст.

- Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» соли равон азхудкунии 300 га замин ва беҳтар намудани таъминоти оби 800 га ба нақша гирифта шудааст, ки то охири сол иҷро мешавад, — изҳор дошт Абдулло Қурбонзода.

Зикр шуд, ки то якуми январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш 39,6 ҳазор гектарро ташкил медод, ки соли ҷорӣ беҳтар кардани 9937 гектари он ба нақша гирифта шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»